БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ ВАТАН МОРО БА КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ҲАМҚАДАМ МЕСОЗАД

НОРАК.  Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар ташкилоти ибтидоии “Оҳангарон” хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода зимнан дар назди ҷамъомадагон оид ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани  фарҳанги оиладорӣ, донишу малакаи ҷавонон дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ нисбати фарҳанги либоспӯшӣ ва муқовимат бо коррупсия андешаронӣ намуда, дар ин раванд Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» -ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Баъдан дар баргузории Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон дар назди бинои маъмурии ташкилот  дар  тоза кардани бехи гулҳои мавсимӣ аз алафҳои бегона саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg