КӮЛОБ. Дар ростои Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Фирӯзи Саидмӯъмин изҳор дошт, ки сафабар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шуданд ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ самти муҳимми фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Мавсуф дар идома гуфт, ки аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар собиқадори меҳнат як адад телевизори модели “Самсунг” барои хизматҳои арзандааш дар рушди соҳаи бонкдорӣ тақдим гардид.