БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ОБОД НАМУДАНИ МАҲАЛЛИ ХУД, ВАТАНРО ШУКУФОН МЕКУНЕМ!

ҚУБОДИЁН.Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Тибқи дастур супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар мавзӯъи “Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро гулгулшукуфон мекунем!” вохӯрӣ доир гардид.   

Дар суҳбат масъулин даъват бар он карданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби фаъолон, шахсони саховатманди маҳал дар сохтмони иншоотҳои маданиву маишии ҷои зисти худ камари ҳиммат бандем.

Дар охир бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии “Биноӣ”-и деҳаи Гузариболо Муродов Зулмурод дар  якҷоягӣ бо сокинони деҳа ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ толори варзиширо сохта ба истифода медиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg