БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДИИ ВАТАН САДОҚАТМАНДОНА САҲМИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ!

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Хониши сиёсӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар деҳаи Қамбарии ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова баргузор гардид.

Мардуми деҳаи Қамбарӣ дар ин рӯз сарҷамъона ба ҳашар баромада, пули деҳарро  мустаҳкамбандӣ намуданд. Мардум тармими пули деҳаро кори савоб ва обод намудани як гӯшаи диёр дониста, тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ корҳои созандагиро дар деҳа ва ҳудуди ҷамоат ба роҳ мемонанд.

Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ атрофи сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ   андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg