ДАНҒАРА. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии щизбии “Пушинг”-и деҳаи Ғиҷовак хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ин маҷлис Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, хавфу хатари терроризм ва роҳҳои мубориза бар муқобили он, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давллатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои созандагӣ раҳнамоӣ кард.