ВАХШ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳия Маҳмадов Одилҷон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, қайд кард, ки мо пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти мактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои таҳсилотро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии толибилмон шароити мусоид фароҳам созем. Бинобар ин, аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меоварам, ки дар таълиму тарбияи фарзандони хеш диққати ҷиддӣ дода, барои аз худ намудани касбу ҳунар ва илмҳои муосири замон ба онҳо шароит фароҳам оранд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 ба роҳ монда шуд.