БОХТАР.Дар ростои соли «баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ». Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Тандурустии вилоят» Маркази ташхисию табобатӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ Қаҳоров Искандар корманди масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок дошта, оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ фикру ақидаи худро баён намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ин баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад ва пешгирии бемориҳо аз табобат беҳтар аст. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо доимо на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди бемориҳо эмин бошем ва нагузорем, ки бемориҳои сироятӣ гиребонгирӣ вуҷуди мо бошад.