БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБРО АМАЛӢ МЕГАРДОНЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарводӣ»-и ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар вохӯрӣ баргузор гардид.

Алиев Зафар дар бораи моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарводӣ» Назаров Мирзоали ба сухан баромада, оид ба баргузории чунин вохӯрии судманд аз масъулин изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошем ва дар амалигардонии ҳадафу мақсадҳои олии он саҳми арзанда хоҳем гузошт.

Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарводӣ» ба ду нафар кӯдакӣ ятим сару либоси нав кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg