КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Бахшида ба истиқболи сазовор аз санаҳои муҳимми таърихӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Ваҳдати миллӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо ин мақсад дар саҳни Муҷтамааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб чорбании фарҳангӣ - фароғатӣ бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” гузаронида шуд.
То оғози чорабинӣ Аксияи таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони “Ҷавонмардони Кӯлоб ба хизмати Ватан омодаанд!” доир гардида, дар рафти он аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” фитаҳо ва армуғонҳои таблиғотиро дар миёни иштирокдорон тақсим ва дастрас намуданд. Сипас, зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Ҳамидиён Орзу бо шукургузорӣ аз пешравиҳо дар ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқ ибрози андеша намуд.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандони театри вилоятии мазҳакавӣ- мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид. Дар охир санъаткоронро бо Сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.