ДӮСТӢ. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳиззбии «Кӯҳдоман» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, сокинонро дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои обод намудани деҳаи худ, саноатикунонии маҳал, сохтани корхонаҳои хурди саноатӣ ва ҷалби ҷавонон ба кору меҳнат ҳидоят карданд.