БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тероризм ва экстремизм: Моҳият ва хусусиятҳои таъсири онҳо дар замони муосир

ВОКУНИШ. Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин  ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад.

Дар адабиёти илмӣ таърифи мухталифи мафҳумҳои экстремизм ва терроризм мавҷуд аст. Доир ба ин мафҳумҳо дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ таърифи ягона дида намешавад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм падидаи манфиест барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароиест, ки ба ҳадди ниҳоии худ расидааст. Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои музталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мешаванд. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдид ва хатарҳои суботу амнияти ҷомеа аст.

Таъсири амалҳои ифротию террористӣ:

1.Таъсиррасони ба шуури шахс ва ҷамъият, ки фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро дар зери норавшанӣ тела медиҳад.

Дар натиҷаи содир шудани амалҳои номатлуб ба мисли экстремизм ва терроризм ба мафкураи инсон таъсири манфӣ расонида, қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкуниашро коста мегардонад. Чунин ҳолатро бевосита илм ва таҷриба низ исбот менамояд.

Баъзе аз доираҳои манфиатҷӯёни абарқудрати дунё кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки экстремизм, терроризм ва падидаҳои дигари манфии ҷомеаро либоси исломӣ пушонанд.

Аз ин лиҳоз мардуми минтақа, аз ҷумла мардуми ҷумҳурии моро мебояд дорои ҷаҳонбинии хуби фалсафию илмӣ бошанд. Барои ин бояд тарбияи худшиносӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллию фарҳангиямон аз муҳити оила оғоз ёбад. Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷуҳ ба шароити феълии байналмимлалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва ниҳодҳои рӯзноманигорӣ ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд. Маҳз ба воситаи донишандузии амиқи замонавӣ, воқеъ гардонии он дар истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқотҳои илмӣ, таъмини озмоишгоҳҳои ба шароити имрӯза мувофиқ дар масъалаи ифротгароӣ ва терроризм низ тайи даҳсолаҳои ахир шоҳиди ба кор гирифта шудани стандартҳои дугона ҳастем. Қудратҳо аз падидаи ифротгароӣ ва терроризм ба манзури фишор ба рақибони геополитикиашон истифода мекунанд.

Экстремизми имрӯза низ дар фаъолияти худ ҳамаи методҳои экстремизми гузаштаро истифода мебаранд, ки инҳо: тозакунии этноконфессионалӣ, истифодаи генотсид (истифодаи қатли оммавӣ бо сабабҳои нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ), зуд-зуд бардоштани шӯришу исёнҳо ва муборизаҳои яроқнокро бо мақсади ба даст овардани ҳокимият, ба ҷанг бархестани экстремистони динӣ, ба инсоният зулми маънавию равонӣ расонидан мебошад.

Экстремистони мазҳабӣ ҳуқуқу озодиҳоро маҳдуд мекунанд ва ба конвенсияи якдигарӣ таҳқирҳо мекунанд. Қуллаи баланди экстремизми динии муосир гузаронидани сиёсати тарс ва террор мебошад, хосияти дигари экстремизми динӣ дар он аст, ки вай таасубро эҷод мекунад ва дар асоси он терроризм авҷ мегирад.

Дар замони ҳозира ташкилотҳои динии экстремистию террористӣ дар ҳар як дин мавҷуд аст. Бо ёрии ин ташкилотҳо теократия кӯшиш мекунад, ки ба олам назари ба худ хоси вазъиятро ҷорӣ кунад. Вай кӯшиш мекунад, ки олами динӣ ва дунявиро ба худ тобеъ кунад.

Баъзан аз баҳсу мунозираҳо ва таҳлилҳои динӣ ғояҳои иҷтимоии озодӣ, адолат, шарафи инсонӣ ба вуҷуд меояд, ки боиси пешрафти гуманистии ҷомеаи инсонӣ мегардад. Намояндагони динҳои гуногун ба обрӯ ва манзалати анъанавии худ дар ҷомеа такя карда, бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва маънавиёти баланд ба муқобили озмоишҳои хатарноки иҷтимоӣ мебароянд. Онҳо дар такмили сохтори ҷамъиятӣ ва ба сулҳу ваҳдат овардани муноқишаҳои гуногун дар ҷомеа мусоидат намуда, ҳамин тариқ, дар равандҳои ба вуҷуд овардани арзишҳои нави ҷамъиятӣ, дар ташаккули оилаҳои муосир фаъолона иштирок менамояд. Дар китоби муқаддаси Қуръон навишта шудааст, ки Оллоҳ одамонро аз рӯи фарқиятҳои мазҳабӣ, синфӣ, миллӣ, забонӣ наофаридааст. Дар Ислом чунин ақидаро дар хусуси он, шахсияти инсон маҳз дар муҳити ҷомеа ташаккул меёбад, эътироф мекунанд.

Вақте, ки ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро фаро нагирифтааст, бесаводӣ гумроҳӣ, ифрот ва зӯроварию терроризм ҷои онро пур мекунад.

2.Таъсир расонидан ба ҳуқуқу озодиҳо, тарбия ва масоили иҷтимоӣ. Ҷамъият аз ахлоқи инсонӣ ва фарҳанги  миллӣ дур мегардад;

Амалҳои ифротию террористӣ дар тамоми давру замон ба мисли дигар самтҳои мухталифи ҷомеаъ ба тарбия ва масоили иҷтимоӣ таъсири манфиаш хоҳад расонид ки дар натиҷа қадру қимати инсоният дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ волотарин арзиш дорад, поймол гардида сатҳи зиндагонии мардум коста мегардад ки ҳамаи ин меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Инсон аз ҳама олтитарин мавҷудот дар рӯи замин буда, қадру манзалат ва мақому ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Маҳз соҳиби ақлу хирад будани инсон вайро аз мавҷудоти дигар фарқ гузошта, ӯро баландмақом ва соҳибиззат намудааст. Ҳам дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва ҳам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро муътабар шуморида, ба ӯ арзишу ҷойгоҳи олӣ муқаррар шудааст. Чуноне дар моддаи 8-уми Конститутсия омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт. Қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”.

3.Гирифтани пеши роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат ва саводнокии молиявии ҷавонон. Хароб гардонидани инфрасохтор ва иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда.

2.Зиёни зиёди моддӣ, тарбияи ахлоқӣ, сиёсӣ маънавӣ ба давлату миллат ва ғ.

Усулҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, муҳимии муттаҳидшавии давлатҳо барои нишон додани муқобилият бо ин хатарҳо дар бисёр ҳуҷҷатҳои меъёрии байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мамлакати мо қайд шудаанд.

Чор дараҷаи муқобилияти зиддиэкстермистӣ ва террористиро имрӯзҳо ҷудо кардан мумкин аст: байналмилалӣ, минтақавӣ, давлатӣ ва шахсӣ. Хусусияти якҷояи фаъолияти зиддиэкстремистӣ ташкили муборизаро алайҳи чунин ҳодисаҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ (маънавӣ-идеологӣ, сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайраҳо) талаб мекунад.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар дараҷаи байналмилалӣ бе бастани шартномаҳои байниҳамдигарии байнидавлатӣ, иродаи мустаҳками роҳбарони давлатҳо дар кӯшиши нишон додани муқобилият бо чунин ҳодисаҳои манфур номумкин аст.

Ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар ҳолате имкон дорад, ки дар оқибатҳои мудҳиши ин ҳодисаҳо аз тарафи тамоми инсоният дарк карда шавад. Замони муосир тафаккури нави сиёсиро тақозо дорад, яъне фаҳмиши он, ки мамлакатҳо ва тамоми халқҳои дунё дар доираи манфиатҳои умумӣ, гӯё онҳо дар саёраи мо аъзоёни киштии ягонаанд.  

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии фаъолияти хадамотҳои махсуси кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кушиш намуданд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин  пиёда намоянд.

Воқеан, дар давоми даҳсолаҳои охир дар атрофи бархӯрди тамаддунҳо ва хатари терроризми исломӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гуфтугузори доманадоре ҷараён мегирад. Терроризми байналмилалӣ ва ҳангомаҳои ифротгароӣ ба мазҳабу дин ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархӯрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд. Сарчашмаи асосии пайдоиш ва тазоҳуроти онҳо омилҳои қашшоқӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, бесаводию ноогоҳӣ, гирифторӣ ба беадолатиҳои иҷтимоӣ, фишору тундравиҳои ҷомеа, дар канор мондан аз маърифату фарҳанги дунявӣ, ноқобилию сустии институтҳои шаҳрвандию иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд. Омилҳои пайдоиш, сабзидан ва ба нерӯи хатарноки тахрибкорӣ табдил ёфтани дастаҳои ҷудогона дар ин ё он минтақаи ҷаҳон аз миллат, забон, урфу одат, мазҳабу эътиқод чандон вобастагӣ надорад. Вагарна гурӯҳҳои ифротгароӣ  Ал – Қоидаву Ҳизбуллоҳ, ҳаракатҳои неофашистии Ғарб ва ҷунбишҳои мухталифи террористии кишварҳои Африқою Америкаи Лотиниро, ки аъзои онҳо аз рӯи табиати иҷтимоӣ, фарҳангу тамаддун, дину мазҳаб, урфу одат, суннату анъана ва миллату забон бо ҳамдигар умумияте надоранд, кадом омил ба тахрибкорию куштор, сӯиқасду фоҷиаҳои мудҳиш ва инсонситезию қассосситонӣ таҳрик медиҳад? Дидаю дониста ба беадолатиҳои ин ё он минтақа ва нооромиҳои ҷаҳони имрӯза гунаҳкор шумурдани дини мубини ислом ва дар ҳамин замина бархӯрди тамаддуни ислому ҷаҳони христианиро алангаи тоза бахшидан, барои кулли башарият оқибати ногувор ва хатарҳои мудҳишу фоҷиабор эҷод мекунад.

Эътиқоди қавӣ дорем, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини Ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин падидаҳо комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини Ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст.

Бинобар ин, агар мо воқеан ҳам хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем, инсонро ба ғарбию шарқӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва падидаҳои ҳама гуна тамаддунро чун як узви томи тамаддуни башарӣ баррасӣ намоем. Ислом низ ба зоти хеш чун оини масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва дигар мазҳабҳои ҷаҳонӣ як дастоварди бузурги тамаддуни башарист. Аз ин лизоҳ терроризм ва ифротгароиро аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо карда, ҳадафҳои сиёсӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шиорҳои авомфиребона ва ғаразҳои инсонбадбинии онҳоро ошкоро баён кардан ва аз истифодаи истилоҳҳои “терроризми исломӣ”, “экстремизми исломӣ” худдорӣ намудан зарур аст.

Воқеан ҳам гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ бо истифода аз технологияҳои зоҳиразамони иттилоотӣ ва интернет босамар истифода бурда ҷавононе, ки дониши пасти сиёсию динӣ доранд бо даъвати ҷиҳод ба мамлакатҳои шарқи наздик даъват намуда, ҳаёти онҳоро зери хатар гузошта, аксарияташ дар набардҳо кушта шуда, оилаҳояшон сарсону саргардон ва фарзандонашон сағир мегарданд.

Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони тоҷик пайваста таъкид менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худомӯз бошанд ва бештар донишҳои динию сиёсии худро тақвият бахшанд, то ки фирефтаи ҳар гуна шахсияту гурӯҳҳои шубҳанок нагарданд.

 

Тоирзода Суҳроб Тоир,  корманди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg