АНДЕША. Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуб буда, ба ҳаёт, пешрафту тараққиёти давлат монеа эҷод менамояд. Дар он ташкилоту муассисае, ки коррупсия, ришваситонӣ ҷой дорад, дар он ҷо кор мувофиқи талабот ба роҳ монда намешавад. Ба ивази маблағи ришва метавонанд кори иҷро нагардидаро иҷро нишон диҳанд.
Агар ба таърихи ин аъмоли бад назар андозем, шояд он ба пайдоиши инсон дар рӯи замин рафта расад.
Дар ин бора дар адабиёти классикии тоҷик қиссаҳои зиёде аст, ки аз ҷой доштани ин амали ношоиста дар ҳамон замон шаҳодат медиҳад. Чунончи марде гуноҳ мекунад ва ӯро ба назди қозӣ мебаранд. Ӯ дар роҳ сангеро дар бағал меандозад. Ҳангоми мурофиа ва хондани ҳукм ӯ даст ба бағал бурда, ба қозӣ нишон медиҳад, ки барои хариди гуноҳаш дар бағал чизи арзишманде овардааст. Хулоса, қозӣ ҳукумро ба фоидаи ӯ ҳал менамояд ва баъди анҷоми мурофиа ӯро даъват намуда, чизи дар бағал пинҳоннамудаашро талаб менамояд. Шахси гунаҳгор дар ҷавоб сангро аз бағал бароварда мегӯяд, агар батарафи ман гап намезадӣ, бо ҳамин санг ҳамаи дандонҳоятро зада мешикастам. Чунин қисса ва саргузаштҳои ҳазломез ва ҷиддӣ, ки асоси воқеъӣ доранд, дар ҳаёти дирӯзу имрӯз хеле зиёд аст. Пӯшида нест, ки дар замони гузашта ҳама кор ба фоидаи шахси пулдор ҳал мегардид. Камбағал бо сабаби надоштани маблағ ҳамеша гунаҳкор буд. Боиси таассуф аст, ки ин одати бад ҳоло ҳам ҷой дорад. Намурдааст . Зиндааст.Нависандаи маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ онро“ зоғи бадмур” ном мебарад, ки дуруст аст.
Мардуми мо аҷоиб хислату рафтор доранд. Худашон барои ин ё он амали ношоиста, аз ҷумла ришваситонӣ шароит фароҳам меоранду боз гилла мекунанд, ки ин ё он корро бе пул додан иҷро кардан мумкин нест. Мисол меорам. Хазинадор, (кассир) аз давлат маош мегирад, вале дар вақти додани маблағ бе он ки ӯ талаб кунад ба пешаш 5 – 10 сомониро мепартоем. Ҳол он, ки фарзандамон барои хариди дафтар ё дигар асбоби хониш ҳамин маблағро талаб кунад сад баҳона мекунем, ки ба ӯ 5 сомониро надиҳем.
Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва ё бунёди ягон иншооти истеҳсолӣ ва ё хизматрасонӣ ба роҳбар дар аввали суханамон чи хизмат кардан, яъне чи қадар маблағ доданро пешниҳод менамоем.
Вақте шахс ба ришваситонидан одат кард, аз он дигар даст кашида наметавонад. Коррупсия ҳам мисли нашъамандист . Кам одамоне ёфт мешавад, ки аз он даст кашаду ба нону маблағи ҳалол зиндагӣ намуданро пеша намояд.
Барои аз байн бурдани коррупсия ва ё паст кардани шиддати он ба мо зарур аст, ки тарбияро дар руҳияи поквиҷдонию покдилию, ҳалол кор кардану ҳалол хӯрдан, тамаъҷӯӣ накардан ва оқибати ин амали ношоистаро фаҳмонидан аз оила оғоз намоем Онҳоро дар мисоли фарзандони фарзонаи миллат тарбия намоем. Ҳамкории оиларо ба мактаб қавӣ гардонем. Омӯзгорони муҳтарам ҳам дар ин кор бояд падару модарро дастгирӣ намоянд. Ба хонандагон супориш надиҳанд, ки пагоҳ ҳамин қадар маблағ биёранд. Маблағ лозим аст инро ба хонандане, ба падару модараш бигӯянд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва ҳатто миёнаи умумӣ ва асосӣ аз донишҷӯён ва хонандагон барои иштирок накардан дар машғулиятҳои таълимӣ маблағ талаб мекунанд. Хонанда ва донишҷӯӣ пулдоре ҳаст, ки дар давоми сол як ё ду бор ба дарс меояду дар охири сол пеш аз дигар донишҷӯёну хонандагон имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло месупоранд. Оё ин ба фоида кор аст? Ин хатои ҷиддист . Ҳамаи ин амалҳое, ки гӯём об фоидаи кор анҷом медиҳем, ба коррупсияро васеъ мекушояд.
Агар ҳар кадоми мо худамонро ислоҳ намоем. Барои иҷрои ин ё он коре, ки бе пешниҳоди маблағ иҷро шуданаш мумкин аст, ришва надиҳем, фарзандонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем, коррупсияро аз байн бурда метавонем. Дар акси ҳолон дар ҷамъият реша давонда , худро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Қудратулло Мунисов, узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг