
ХУРОСОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёти нав» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ тавсияҳои судманд доданд.