БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Пушкин» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.

Зимнан масъулин қайд карданд, ки моро мебояд бо мардум дар маҳаллаҳо ҳамкориро густариш диҳем, иртиботи худро бо деҳот пурзӯр намоем ва вазифаи ҳар шаҳрвандро дар раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян созем.  Инчунин, ба дарки мардум, бахусус деҳқонону кишоварзон расонидани нуктае, ки вазифаи мо ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аст нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар-ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян кунем.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба нарм кардани бехи дарахтон ва омода кардани замин ба кишту кори баҳорӣ машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg