ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик оид ба татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем”» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дарташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” вохӯрии навбатии кормандони
Кумитаи иҷроияи ноҳияи ҳизб баргузор гардид.
Нахуст, масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ суханронӣ намуданд.
Баъдан, дар қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбии
«Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҷабов Эмомалӣ ва раиси маҳала Давлатов Раҷабалӣ тасмим гирифтанд, ки роҳҳои маҳалаи худро ба масофаи 500 метр сангфарш намоянд.