БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ-РО ПЕШАИ ХУД КУНЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Вохўрии  навбатӣ бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Сармантой-2-и  ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ бо иштироки васеи ҷавонони маҳал, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Дар он Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Ғафуров Сайдамир-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла қайд намуданд, ки мақсади асосии эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳалли  масоили иҷтимои вуҷуддоштаи мардуми деҳот нигаронида шудааст. 

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии Гулистон Баҳодуров Маҳмадбег ҳамаи иштирокдорон дастаҷаъмона ба ҳашари умумӣ баромада,  бо тоза кардани гирду атрофи чойхонаи маҳал ва чароғонкунии кўчаҳо машғўл шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg