БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҚУТБНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТИ МО СОКИНОН!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади баррасии  Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  ва самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Деҳлоло» мулоқот баргузор гардид.

Нахуст, кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ноҳиявии ҳизб    дар хусуси моҳияти Паём андешаҳояшонро  баён намуда, қайд карданд, ки  барои  беҳтар  гардидани  фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор  ва муайяну  мушаххас  кардани вазифаҳои   ҳар як шаҳрванд Паёми навбатӣ аз ҷониби Роҳбари давлат ироа гардид. Дар идома чанде аз  иштирокчиён  афзуданд, ки Паём ҳамчун қутбнамои  зиндагии шоиста барои мо сокинон буда, онро дар рӯзгори ҳаррӯза ва дар роҳи  созандагӣ  истифода хоҳанд  бурд.

Баъдан бо  дастгирии сокинон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор  гардида, онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg