БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ МО ВУСЪАТИ КОРҲОИ МАЪРИФАТИВУ ТАРБИЯВИСТ!

КУШОНИЁН.   Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.   Дар деҳаи Умарқазоқи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён чорабинии Наврӯзӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Сатторова Мунаввара иштирок ва суханронӣ намуд. Номбурда сокиноноро бо таҷлили ин ҷашни аҷдодиямон муборакбод намуд. Сипас, қайд намуд, ки  моро зарур аст, ки имрӯзҳо бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои  даврони соҳибистиқлолӣ бештар меҳнат намоем ва дар рушду нумуи Ватан саҳми хешро гузорем.

Ҳамчунин, мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ҳарф зада, аз ҳар як сокини деҳа ҷиҳати амалигардонии ин ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба манфиати мардум нигаронида шудааст, даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg