Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ НЕКИ МАРДУМӢ ДАР БАЙНИ ҶОМЕА ТАРҒИБ МЕШАВАД

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ронанда” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Зимнан, дар кори маҷлис масъулин қайд карданд, ки бо эҳё ва густариш додани урфу одатҳои неки мардумӣ дар рушду нумуи кишвар заминаи хуб  фароҳам хоҳад овард ва равшанӣ хоҳад бахшид дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа.

Дар ин росто таъкид шуд, ки фаъолон, донишмандону шахсони обрӯманду рӯзгордидаро зарур аст, ки дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошанд.

Дар фарҷоми суҳбат иштирокдорон ваъда доданд, ки пайваста дар миёни ҷомеа ҳикмату фалсафаи созандаи анъанаҳои неки миллиамонро тарғиб карда, дар эҳё ва рушду нумуи онҳо саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg