БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МОЯИ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷоназартеппа”-и ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мояи ифтихор ва сарбаландист” бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ Ваҳобиддин Абдуллоев баргузор гардид.  

Мавсуф  дар суханронии худ иброз дошт, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан  аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзи Ватан оғоз мегардад. Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳи он мебошад.

Инчунин, дар охир аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар адои хизмати Ватан-Модар  содиқ бошанду ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи хоки муқаддаси кишвар саҳм гузоранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg