![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190328_155132.jpg?itok=SuD1Y-Qo)
ЁВОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Воқеан имрӯзҳо ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки ҳамчун ноҳияи аграрӣ дар кишвар шинохта шуда буд, бо бунёди корхонаҳои калони саноатӣ ба як ноҳияи агросаноатӣ табдил ёфтааст. Ҳар сол даҳҳо коргоҳҳои хурду калон бо ташаббуси соҳибкорони муваффақи ноҳия бунёд гардида, ҳазорон нафар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон дар корхонаи ҶДММ «Талко Кемикел» бо иштироки фаъолону аҳли заҳмати корхона вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла баррассии муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, саҳм гузоштан дар ободонию созандагии Ватан, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон андешаронӣ карда шуд.