БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Лавоваи ҷамоати деҳоти Даҳана тасмим гирифтанд, ки бунгоҳи саломатӣ бо тарзи замонавӣ сохта ба истифода диҳанд.

Тибқи ин мақсади созанда айни замон сокинон корҳои сохтмониро оғоз намуда, мақсад доранд, ки то охири соли 2019 иншооти мазкурро сохта ба истифода диҳанд.

Бояд гуфт, ки солимии ҷомеа асоси рушди давлатро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ сохтмони чунин иншоотҳои ҳаётан муҳим саривақтӣ буда, сокинон метавонанд аз деҳа дур нарафта, худро аз ташхис тиббӣ гузаронида, аз вазъи саломатии хеш огоҳ бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg