
ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Мутобиқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии деҳқонии «Шарифбек» -и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ қисме аз роҳҳи байни маҳалла мунфарш карда шуд.