БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ДАСТИ МАЪЮБОН ВА ШАХСОНИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕАРО БИГИРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод”-и ҷамоати деҳоти Узуни ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Нахуст, мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ кард.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” ба як нафар канбизоат кӯмаки молияви расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg