БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯКЕ АЗ АНЪАНАҲОИ НЕКИ МАРДУМИ ТОҶИК ИН САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНИ ЯКДИГАР АСТ!

 КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Равшаннамоӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ маҷлис баргузор шуд.

Зимни баромади худ Мунаввараи Бозоралӣ қайд дошт, ки таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун 2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Роҳбари ташкилоти ҳизбӣ Ҳамдамов Некрӯз гуфт, ки яке аз анъанаҳои неки мардуми тоҷик ин саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандони якдигар ва бетараф набудан дар ислоҳи камбудиҳои мавҷуда мебошад. Ҳикмати ин анъана дар он аст, ки муҳит аз ҷиҳати ахлоқӣ солим мегардад.

Баъд аз мулоқот дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси имкониятш маҳдуд зимни аёдат аз лиҳози маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg