Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ОБОДИИ ВАТАНРО АЗ ДЕҲОТ ОҒОЗ МЕКУНЕМ!

ДАНҒАРА. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Тибқи ҷадвали баргузории  вохӯриву чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пушинг”-и  деҳаи Алиҷон  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.                          

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳаллу фасли мушкилоти мардум дар маҳали зист ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  суханронӣ  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg