БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм ваҳшоният ва амали ниҳоят хатарнок аст!

АНДЕША. Терроризм ваҳшоният аст. Мақсади онҳо ба вуҷуд овардани ваҳшату бесарусомонӣ ва бароварда сохтани ниятҳои нопоки хеш мебошад. Барои террористу экстремист чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш қайд менамояд   Ватан, миллат, дину мазҳаб қадру қимате надорад.

Шиддати  ин таҳдиди ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст. Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат  ёфтанӣ таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм аз ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар   дар мубориза ба ин вабои аср ҳисси баланди ватандӯстиро талаб менамояд.  Имрӯз вазифа аз он иборат аст, ки мо дар мубориза бо  таҳдиду дурӯғбофиҳои аъзои гурӯҳҳои  террористӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати ислом, ки  хориҷ аз кишвар ба давлату миллати сарбаланди тоҷик санги маломат мезананд, хомӯш наистода ба онҳо чи тавре мегӯянд, мушт бадаҳон бизанем.

 Ин гурӯҳи лаънаткрдаи халқ дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ бисёр фаъол гардида, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки бо рафти он халал ворид намояд. 

Имрӯз кӯшиши роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар хориҷ аз ҷумҳурӣ паноҳ мебаранд,  шаҳодати ин гуфтаҳост.  Онҳо интихоботҳои дар ҷумҳурӣ доир гардидаро ғайридемократӣ маънидод намуда, бо ин  роҳ худро  дар назди пуштибононашон  (онҳое, ки истиқлолияти давлатии кишвари моро, пешрафту тараққиёти онро чашми дидан надоранд) муборизони роҳи озодӣ ва татбиқи демократия нишон доданӣ мешаванд. Вале ҳамсафону ҳамтабақонашон – мубалиғи ҳамин ҳизб Айёмиддин Сатторов,  “генерали мардумӣ” Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва дигарҳо дар бораи Кабирии даҳрӯя ва думравонаш дигар чизро – сухани ҳақро мегӯянд.  Онҳо сидқан иқрор шуданд, ки демократия, озодӣ, мазҳаб, урфу одат барои Кабирӣ ва балегӯёнаш арзише  надорад.  Нияти онҳо дигар аст. Онҳо мехоҳанд, ки сохти давлатдориро дигар намуда, давлати исломӣ барпо намояд. Барои амалӣ намудани ин мақсади нопок   аз хоҷагони хориҷиашон маблағҳои калон ба даст меоранд ва ҳама молу сарвати то имрӯз ҷамъовардаашон аз ҳамин ҳисоб аст.  Дини ислом барои наҳзатиҳо як василаи расидан ба мақсад аст. Сайид Қиёмиддини Ғозӣ иқрор гардид, ки ҷалби наҳзатиён ба мазҳаби шиа таърихи тӯлонӣ дошта, аз оғози фаъолияташон сар мешавад.

Ҳаминро бояд дар хотир дошта бошем, ки душман ҳеҷ гоҳ ором наменишинад. Роҳбарони ҲНИ мисли мори захмдоранд. Онҳо бо ин ё он роҳ заҳр заданӣ мешаванд.

      Аз ин рӯ,   мо бояд ҳамеша ҳушёр ва омодаи мубориза ба амалҳои террористӣ бошем. Танҳо бо ҳушёрии сиёсӣ ва омодагии доимӣ дар мубориза ба терроризму экстремизм пеши роҳи онро гирифта метавонем.

  Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg