БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛЛАМОН ОҒОЗ МЕШАВАД!

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуотӣ Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Бекмамадов Асалмамад чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад оид ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ сухан гуфта, қайд шуд, ки дар ин замина ҳизбиён мувазафанд, ки дар амалӣ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи ҲХДТ ва Раиси муаззами ҳизб ҳиссагузор шаванд.

Дар охир, ҷихати роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ-тарғиботии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон таҳти шиори «Ободии кишвар аз ободии маҳалламон оғоз мешавад!» бо тоза кардани маҳалла, тоза кардани ҷуйи обгузар аз партовҳо ва шинондани дарахтони сояафкан ва гулу гулбуттаҳо машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg