БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҶДИДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД!

НОРАК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандї”. Дар ташкилоти ибтидоии “Сангрези Чашма” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сангрези Чашма»-и Табаров Шамсиддин ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо мақсади шарҳу тафсир ва расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир гардида истодааст. Зимни масъулин қайд карданд, ки корхонаи “Сангрези Чашма”  ба истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии қум, шағал  ва хиштҳои сементӣ  машғул мебошад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар як сол ба  1-миллион тонна баробар мебошад,  ки дар ин даргоҳ барои 15 нафар ҷавонони соҳибихтисос ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg