БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛАИ УСТУВОР ПОЙДОРИИ ВАТАН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ОКТ №22” мулоқоти судманд гузаронида шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ гуфт, ки оила ячейкаи муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаи мо оилаҳо усутувору пойдор бошанд, ин имконият медиҳад, ки Ватани азизи мо боз бештар ободу зебо гардад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ҳамбастагӣ беш аз 138 метр қубурҳои обгузарро таъмир намуда, ҳамзамон барои хонандагони муассисаи мазкур устохонаи таълимӣ ва хобгоҳи замонавӣ бунёд карда истодаанд, ки аз рафти корҳо меҳмонон дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg