БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР СОКИНИ КИШВАР АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Тибқи нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ бо  мақсади амалигардонии  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд,  вохӯриҳои судманд бо сокинон баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии “Носири Хусрав” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла масъалаи  ташвишовари терроризму экстремизм баргузор гардид, ки дар он масъулин иштирок дошта,  суханронӣ намуданд.

Инчунин, масъулин оид ба амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда иброз доштанд, ки иҷрои мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар сокини  кишвар буда, моро месазад дар  пешрафту шукуфоии Ватан  саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg