БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар ростои соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрванди бо ҷалби шабакаи ТВ-Тоҷикистон дар маҳалли Асадуллои ҷамоати деҳоти Навобод ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” баргузор гардид.     

Аксияи мазкур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Асадулло», бо сангфарш намудани роҳи ҳудуди маҳалла ва кӯмаки молиявӣ ба як нафар маъюб бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб сурат гирифт.

Бояд қайд намуд, ки чунин иқдомҳои созанда дар дигар маҳаллаю деҳаҳои ноҳия дар назар аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg