ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба сохтмончиёни бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳияви ёрии амалии худро расониданд.
Сохтмони бино бо маром ҷараён дошта, зери сарпарастии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Давлатҷон Ғаффорзода қарор дорад. Ин бино кохи пайравони Пешвои миллат, кохи ҳизби пешоҳангу бунёдкор ва созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.
“Ҳамаи мо бояд як нуктаро дар хотир дошта бошем, ки узви ҲХДТ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад”, гуфт дар баромад Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ.