БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ДЕҲАИ ХУД ОБ КАШИДАН АМАЛИ НЕК АСТ!

ТЕМУРМАЛИК.  Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бачамазор” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва  ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ҷиҳати тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ  суханронӣ намуд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати  амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Бачамазор” Бобоназар Бекмурод  дар  масофаи 400 метр кашонидани хати  оби нӯшокӣ оғоз гардид.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg