БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲОФИЗАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТРО УСТУВОР МЕГАРДОНАД

КУШОНИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Эргаши ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабнии мазкур  бо риояи расму оинҳои аҷдодӣ, ҳунарҳои мардумӣ бо пухтани таоми миллӣ сурат гирифта, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Сатторова Мунаввара ва дигар шахсони даъватӣ  ширкат варзиданд.

Дар идома бо дастгирии  шахсони хайрхоҳ, аъзои фаъоли ҲХДТ  Қурбонов Абдумурод,  Қурбонов Урозалӣ ва Хоҷаев Тағоймурод дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 10  нафар оилаҳои ниёзманди ҷомеа маводи хӯрока  кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg