ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Мирзообод»- и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш чорабинии ҳизбї баргузор гардид. Дар рафти вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Одилҷон Маҳмадов бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбат орост. Мавсуф қайд намуд, ки “эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” заминаи мусоиде барои ободонии ҳар як деҳоти мамлакат мегузорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар рушду нумуи маҳалли зисти худ саҳмгузор бошем то як Ватани ободе барои наслҳои оянда ба мерос гузорем”.
Сипас, дар доираи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» , тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳи дохилии байни маҳалла таъмир карда шуд.