БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нафъи худшиносии миллӣ барои ҳар як нафар бузургу барҷаста аст!

ВОКУНИШ. Воқеан, ки инсон гузаштаи аҷдодони худро фаромӯш кунад, яқин дар гумроҳӣ монда, боз дар ҷустуҷӯи таърихӣ худ қадам мениҳад. Шинохти худшиносӣ аз таъриху тамаддун, урфу одат, расму оин ва фарҳангӣ баланди маърифат сарчашма мегирад. Миллати тоҷик бо абармардони фарҳангию меҳнатқарин ва меҳмоннавозаш қадраш мекунанду ба  ӯ арҷ мегузоранд. Ба ҷаҳонӣ имрӯза назар кунем аз гузашта то имрӯз тафовут ба чашм мерасад. Дар бархе сарчашмаҳо омадааст, ки халқи куҳантаъриху баландэҷод хоси миллати мо тоҷикон будааст. Ин барои ҳар як фарди бонангу ори тоҷик як ифтихори баланди осмонбӯсро шаҳодат медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон низ дар сиёсати худ бештар ба аҳли қалам, маориф ва ҷавонони созандаю ободкор таваҷҷуҳи хоссаро дар пешбурди соҳаҳои  мухтасари ҷомеа замина мегузорад. Имрӯз ҷавонони кишвар аз ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон истифода бурда, таҳсили худро хориҷ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон идома дода истодаанд. Дар баробари ин бархе аз ҷавонони гумроҳӣ кишвар инро нодида гирифта аз фарҳангу осори ниёгонамон сарфи назар намуда, ба ақидаҳои пучу ваъдаҳои хушку холӣ ба ҷунбишҳои террористӣ ва ифротгарӣ дастдарозӣ мекунанд, ки шаҳодат аз паст будани донишу хиради маънавӣ ва коста будан аз суннат ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Бузурге фармуд:

                  Ҳар ки по каҷ мегузорад хуни дил мо мехӯрем,

                  Шишаи номус дар бағал дорем мо.

Аз сардафтари адабиёти классики форс-тоҷик устод А.Рӯдакӣ то адибони замони истиқлолият дар ашъорашон ғояҳои баланди ахлоқию маънавии инсонӣ нексириштро тараннум намудаанд. Шахсиятҳое ёфт мешаванд, ки дар худшиносии миллӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ  ғӯта хӯрдаанд.

Ба ин муҷрим кист?

Кист он шахсе, ки ин муҷрими гумроҳро ҳидоят созад?

Ба ин суол, як ҷавоб! Мо волидон, устодон, ҷомеа ва шахсони рӯҳонӣ. 

                      Қавму макон гулест ба домони ҳимматат,

                       Худро гар иҳота кунӣ чархи дигарӣ.

Оре, ҳақ ба ҷониби Ҳазрати Бедил хеле хуб ишора дорад. Мо ҳиммати худро дар тарбияи хуби наздиконамон сарф мекардем то имрӯзи мо аз рӯзҳои дигар нуран алонур мегашт. Як нигоҳе ба давлатҳои ҷангзадаи дунё назар афканем пай мебарем, ки дар миёни онҳо дастаҳое тавлид шудаанд, ки раҳму шавқат аз дину оин ягон зарра эътибор намедиҳанд, зеро ки худи онҳо банди кадом ақида қарор доранд, намедонанд. Қатли модари хеш, бародарон, ҳаммаслаку ҳаммазҳаби хеш гаштанд, агар онҳо аз аҳкоми шариат огоҳ мебуданд, ба резондани хуни ҳазорон кӯдакону бегуноҳон сабабгор намешуданд. Месазад, ки ҷавонони кишвар аз дастовардҳои истиқлолият самаранок истифода бурда, зиракии сиёсию маърифати хешро аз даст надода ба бунёдкориву созандагӣ равона шаванд, то намунаи ибрати насли оянда боқӣ монанд. Бошад, ки мардуми куллӣ сайёра паҳлӯи ҳам бо чашми муҳаббат бо қалби пур аз ҷӯшу хурӯш даст ба оғӯши ҳам бикшоянд.

 Чунончӣ Саъдии хушбаён таъкид менамояд:

Банӣ одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 Ҷавонони созандаю бунёдкорро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ғурури миллӣ, нангу ори ватандорӣ тарбия намуда рисолати ҳар фарди дилогоҳу ҳушёри сарзаминамон мебошад, чунки худшиносии миллӣ нафъи зиёдро ба бор меорад.

Аҳли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,

Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.

Аскаралӣ Абдулфайзов, омӯзгори МТМУ № 5 –и ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg