ВОКУНИШ. Наҳзатиёни террорист ободию пешравии Ватани азизи моро дидан намехоҳанд. Агар онҳо дӯстдори Ватан бошанд чаро дар ҳаққи ин Ватану мардумонаш гапҳои дурӯғу сафсатаҳои беақлона мезананд. Ҳайфи шумо барин ҷавонмардоне, ки ватанфӯрушӣ карда, боз даъвои ватандорӣ мекунед. Ин Ватан барои шумо баринҳо Ватан нест. Шумо дар ҳақки ин Ватану ин миллат чи хизмат кардед, ки боз даъвои ватанхоҳию миллатдорӣ мекунед. Шумо барои пулу сарват Ватани худро фурӯхтед, боз чи гуна даъвои онро мекунед. Агар барои шумоён ободию сарбаландии миллату Ватан зарур бошад, пас чаро дар хориҷи кишвар истода ба самти Тоҷикистон санги маломат мепартоед. Инро ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш накунед, ки ватанфӯрӯшон дар ҳама давру замон дар ғурубату ғарибӣ, яккаву танҳо, бе дӯсту ҳамроз бо ёди Ватан мисли саги девона ҷон месупорад.
Алиева Сураё, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав