ШАҲРИТУЗ. Доир ба тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Чуянчӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шаропов Ҳомидҷон, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Баротов Баҳодур, имомхатиби деҳа Мусоев Изатулло баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, қадрдонӣ аз суннату анъанаҳои миллӣ, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нисбати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон бо сокинони ташкилоти ибтидоии “Чуянчӣ” дар самти баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, баҳри таъмини иҷрои супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, тавсияҳои судманд ба ҳамагон дода шуд.