Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Кӯмак ба ятимону шахсони имконияташон маҳдуд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад

КӮЛОБ. ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!”. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати саховатпешаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ятимону барҷомондагон ва шахсони имконияташон маҳдудро пайваста кӯмакҳои моддӣ расонида истодаанд.

Зимни роҳандозии Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” Бобоев Файзиддин шахси имконияташ маҳдуд сокини деҳаи Корези поёни ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб” кӯмак, аз лиҳози маводҳои озуқаворӣ, аз ҷумла орду равған, макарон ва биринҷ расонида шуд, ки аз ин иқдоми хайрхоҳона мавсуф изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg