Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Маконҳои таърихиро ободу зебо мегардонем!

Ш.ШОҲИН. ДАРДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!”. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Ҳоҷидараи ҷамоати деҳоти Даштиҷум  хониши сиёсӣ  доир  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ масъулин  зимнан дар назди ҷамъомадагон оид ба Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ нисбати фарҳанги либоспӯшӣ ва муқовимат бо коррупсия андешаронӣ намуда, инчунин дар ин раванд Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъдандар баргузории Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон дар макони мазори Бибӣ Робиямоҳи Чилгазамӯ ба тозаву озода намудани гирду атрофи оромгоҳи  ин шахсияти бузург саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg