БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кашидани хати об хайри адонашаванда аст

А.ҶОМӢ. ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!».  Тибқи накша-чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулобод»-и деҳаи Гулобод, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ аз қабили гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва  тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар роҳандозӣ гардида, аҳолии деҳа

пурра бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуд.

Ҳамзамон, дар маркази деҳа дар доираи Аксияи ҳизбӣ парафшонии Парчами Тоҷикистон бо баландии 15 метр  ва паҳноию дарозии  матоъи 2х3, инчунин дар назди майдончаи варзишии деҳа ҳамом ва ҷой барои иваз намудани либосҳои варзишгарон сохта шуда, корҳо дар ин самт идома  дорад.

Сокинони деҳа иқдоми созандаи ҲХДТ-ро давоми икдомҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами  он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, мунтазам дар пайи ободонии диёри худ талош варзида истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg