БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикон миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошанд

Н.ХУСРАВ. БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Бахши  фарҳанг”  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи “Тоҷикон  миллати  тамаддунсозу  фарҳангӣ мебошанд”  баргузор  гардид.   

Масъулини     зимнан доир ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  кишварро дар  доираи   Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ  ва   сазовор  истиқбол  намудани  30- солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  андешаронӣ карда, таъкид  намуданд, ки аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  эътироф  гардидани  мероси  таърихиву  фарҳангии  мо дар  айни  замон  эътирофи  тоҷикон ҳамчун  миллати  тамаддунсозу фарҳангӣ  мебошад. Аз  ин  рӯ  вазифаи ҳар  як  корманди  фарҳанг  бо  таври  шоиста  муаррифӣ  намудани  ин  фарҳанги  миллати  куҳанбунёди  мост. Кормандони  бахши  фарҳангро  лозим  аст, ки  ёдгориҳои  таърихиро, ки    дар  ҳудуди  ноҳия  мавҷуданд, Қалъаи  Бешкент  ва   зиёратгоҳ-осоишгоҳи  “Чилучорчашма”, ки  ҷузъи  таркибии  сарнавишти  миллату  Ватан  мебошанд, ҳифз  намоем, онҳоро  обод  созем.      

Дар  қисмати   амали  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  иштирокдорон   иқдом  гирифтанд, ки  дар  боғи  назди  бинои  боғи  фарҳангӣ  ниҳолҳои  ороишии  арча  шинониданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg