Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Маҳали худамонро худамон ободу зебо мегардонем!

 ХУРОСОН. ДАР РОСТОИСОЛИ БАЛАНДБАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим вохӯрӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”  маводҳои таблиғотӣ дода шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg