БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мунаввар”-и (деҳаи Файзобод) ҷамоати деҳоти Даҳана аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, шахсони саховатпеша дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон беш аз ду километр роҳҳои деҳаро сангфарш намуданд.

Дар амалӣ намудани ин иқдоми созанда ҳиссаи мардуми деҳа назаррас буда, корҳои раҳдорию раҳкорӣ ҳадди охирин набуда, дар оянда идома хоҳад ёфт.

Зимни чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер хониши сиёсӣ доир намуда, воабста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва анҷом додани корҳои созанда дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ҷои маъракаҳои аъзодорӣ ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg