БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ҳифзи саломатии мардум худро масъул шумориданд

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойторӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар назди аъзои ташкилот мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳо Шарифҷон Набиев баромад намуд.  Дар хониши сиёсӣ дар баробари  шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вобаста ба соҳаи кори кормандон бештар дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни мардум сухан рафт. Дар ин бора аз ҳаёти ҳар рӯзаи сокинони диёр мисолҳо оварда шуд.

Баъди баромад ва ба  саволҳо посух гуфтан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, сардори Маркази ташхиси бехатарии хӯрока Қудратулло Мунисов баромад намуда, қайд кард, ки ба зиммаи аъзои ташкилот вазифаи хеле пурмасъулият–ҳифзи саломатии мардум гузошта шудааст. Ӯ афзуд, ки агар кормандони соҳаи тандурустӣ одамро табобат намоянд, кормандони соҳаи бойторӣ инсониятро аз ҳар гуна бемориҳо ҳифзу нигаҳдорӣ менамоянд.

Баромади аъзои ташкилот Умар Искандаров, Воҳид Абдуалимов, Шералӣ Мирзоев идома бахши баромади Қудратулло Мӯнисов буд. Ҳама дар иҷрои самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла ҳифзи саломатии мардум худро масъул ва вазифадор шумориданд.

Баъди хониши сиёсӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуд. Аъзои ташкилот дар ин рӯз ба корҳои мавсими баҳорӣ -  тоза ва нарм намудани бехи дарахтон ва тозаю озода кардани гирду атрофи муассиса машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg