БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдомҳои созандаи ҲХДТ татбиқ гашта истодаанд

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дараи калот» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берруншударо барқарор кунем, то ин ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро ба маводи ғизоӣ таъмин намоем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар самти обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз кардааст, ки 50%-и онҳо то имрӯз амалӣ гардидаанд.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони деҳа ба нарм кардани бехи дарахтон ва гулу бутаҳои ороишӣ машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg