БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврўз-2019

ПАНҶ. БА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар доираи ташабусҳои ҳизбӣ бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ-2019 ва бо мақсади оммавигардонии варзиш ва рушди бемайлони он бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ак қатор чорабиниҳои варзишӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Чунин мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ миёни наврасони аз 14 то 16-сола дар толори муассисаи таълимии №1-и байни 11 дастаи наврасони ноҳия гузаронида шуд.

Дар оғози мусобиқа Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада,  ҳамагонро бо фарорасии ҷашни Наврўзи оламафрўз муборакбод   намуда, ба  иштирочиёни мусобиқа  муваффақиятҳо орзу намуд.

Дар охир аз тарафи доварон дастаҳои ғолиб муайян гардида, бо Ифтихорнома  ва тўҳфаҳои  хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан, доир намудани чунин чорабиниҳо барои тарғибу ташвиғи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дўстии байни  ҷавонону наврасон   ва муйян кардани беҳтаринро  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg