
КӮЛОБ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷадвали баргузории Аксияи хизбӣ таҳти унвони “Якҷоя хал мекунем!” аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тудакафш” амали хайриявӣ анҷом дода шуд.
Дар доираи Аксияи мазкур як нафар шахси бемор аз деҳаи Тудакафши ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҳангоми аёдат кӯмаки пулию молӣ расонида шуд.
Зимни аёдат Орзу Ҳамидиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ нафарони эҳтиёҷманд, имконияташон маҳдуд, бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзмандро дар навбати аввал қарор додааст. Аз ҳамин лиҳоз дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накӯи ниёгон пайваста ба анҷом хоҳем дод.