ҚУБОДИЁН.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и деҳаи Чимғилиши ҷамоати деҳоти Заркамар хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешвад” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Масъулин зимнан оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳарф зада, афзуданд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳо рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор бошад.
Баъдан раиси ташкилоти ибтидоӣ Норматов Абдурасул иброз намуд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми кӯшишу ғайрат ва малакаи хешро баҳри ободии Тоҷикистони азиз равона менамоянд.